Хуш омадед,
Ба сайти Гимназияи №53 =)

 

Рох ба мактаби мо: 38°35'24"N 68°47'25"E

 Сурога (Куча): М.Холов 24

 


 

ДАР БОРАИ ГИМНАЗИЯ 

 

IMG.TORRENTS.TJ

Маълумоти умумӣ

 

ГИМНАЗИЯИ №53 БА НОМИ МУҲАББАТ МАҲМУДОВА (собиқ мактаби миёнаи №53) – ноҳияи Исмоили Сомонӣ (собиқ ноҳияи Октябр) – шаҳри Душанбе 45 сола шуд. Ба сабаби афзудани шумораи наврасони синни мактабӣ дар кӯчаҳои ба номи Некрасов, Лоиқ Шералӣ, (собиқ Карл Маркс), М. Холов (собиқ Гогол), Рӯдакӣ, Чкалов ва душвории ба мактабҳои аз ҷойи истиқомат нисбатан дур ҷой гирифта, рафту омади наврасонро ба ҳисоб гирифта, бо қарори собиқ Кумитаи иҷроияи ноҳияи Октябр моҳи январи соли 1965 мактаби миёнаи рақами 53 кушода шуд. Мактаб толибилмонро аз мактабҳои рақамҳои 7, 10, 11 ва 34 ба даргоҳаш қабул кард. Аниқтараш 11 январи соли 1965 омӯзгорон бо дафтарҳои синфӣ (журналҳо), асбобҳои айёнӣ, харитаю глобусҳо ба хонандагони ба мактаби нав омада, дарсҳоро оғоз кардем, мегӯяд, - собиқадорони соҳаи маориф Муҳайё Асадова, ки ҳоло давлати пирӣ меронад.

Агар ба шумораи хонандагони гимназия дар гузашта назар кунем, чунин буд: соли 1965 шумораи умумии хонандагон 1000 нафар, дар соли хониши 1990 – 1991 ин шумора ба 1450 нафар ва ҳоло бошад шумораи шогирдони гимназия зиёда аз 2000 нафарро ташкил медиҳад.

Дар соли аввали ташкилёбии таълимгоҳ дар он ҳамагӣ 45 нафар омӯгорон кор мекарданд ва қариб ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ буданд, соли хониши 1990 – 1991 шумораи омӯзгорон ба 90 нафар расид ва имрӯз шумораи онҳо 95 нафарро ташкил медиҳад.

Соли аввали ташкилёбии таълимгоҳ 36 нафар ҷавонписарону духтарони хушбахти тоҷик онро хатм намуданд. Ана, он хатмкунандагони соли аввал: Мамадкаримов Н., Яҳёев Т., Кароматуллоев З., Солиева М., Тоштемирова Л., Турсунқулов А., Раҳимов И., Бобомуродова С., Қосимов Ш., Ҳусейнов А. ва дигарон баъди хатми мактабҳои олӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба кор оғоз карда буданд.

Омӯзгороне, ки дар соли ташкилёбии гимназия тарбияи насли наврасро пешаи кори хеш донистанд, инҳо буданд: Мамедов Г. (омӯзгори география), Наимова М., Бурҳонова Ш., Хоҷаева Д., Ахмедова М. (забон ва адабиёт), Маҳмудова М. (синфҳои ибтидоӣ), Холов С., Асадова М., Ботурова З. (таърих), Баҳриддинов Н., Баҳриддинова Д. (забони арабӣ) Шимунова З., Норкалаев М., Куинова Д., Симхаева (математика), Бадалбоев М. (химия), Ҳакимова З. (биология) ва дигарон буданд. Ҳамаи онҳо бо як мароки калон аз пайи ҷиҳозонидани утоқҳои фаннӣ шуда, барои хубтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбия камари ҳиммат бастанд. Ҳар яке аз онҳо мекӯшиданд, ки шогирдонро то ҳадди имкон бо шароити таълимгоҳи нав одат кунонанд ва ба хусусиятҳои психологияи хонандагоне, ки аз мактабҳои гуногун ҳамчун шогирдони таълимгоҳи нав қабул шуда буданд аз наздик шинос шаванд.

Соли хониши 1966 – 1967 105 нафар, 1970 – 1971 119 нафар, 1990 – 1991 119 нафар, 2004 – 2005 118 нафар ва соли хониши 2008 – 2009 125 нафар писарону духтарон ин даргоҳи маърифатро хатм намуда, қисми аз онҳо ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ камар баста, вале зиёда аз 95 дар сади онҳо ба мактабҳои олӣ дохил шуда, онҳоро хатм карданд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он фаъолият доранд ва қисми аз онҳо имрӯз таҳсили худро дар таълимгоҳҳои олӣ давом медиҳанд.

Аз дастпарварони гимназия 30 нафар дар тӯли 45 сол барои дониши аъло ва интизоми намунавӣ ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карданашон соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гаштанд. Инҳо: Насреддин Мамадкаримов, Маҳбуба Ғозиева, Гулнора Пулодова, Умед Мунавваров, Замира Ғафорова, Комрон Маъмуров, Фазилат Бойбобоева, Умед Рашидов, Сурайё Нурхонова, Ҳадя Сатторова, Муҳайё Акрамова, Марҳабо Алиева, Сурайё Рашидова, Хуршед Раҳмонов, Мавзуна Бобоева, Мансурхон Қудусов, Малика Маҳмудова, Шерозхон Маҳмудов, Мадина Файзуллоева ва дигарон.

Гимназия тайи солҳои тӯлонии фаъолияташ дар мустаҳкам кардани робитаи худ бо донишгоҳҳои олии пойтахт, пажугишгоҳи илмҳои педагогӣ, Донишкадаи бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Маркази бозомӯзии назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе саҳми арзанда мегузорад. Дар ин муддат бисёр барнома ва китобҳои дарсӣ дар гимназия мавриди тадқиқот гардиданд. Дар баробари ин донишҷӯёни бахшҳои 3, 4, 5 Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар гимназия таҷрибаи педагогии худро аз фанҳои физика, математика, химия, биология, таърих ва ҳуқуқ, забонҳои хориҷӣ мегузаронанд. Аз тарафи дигар омӯзгорони гимназия дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои Донишгоҳи омӯзгорӣ бо хонандагони лаёқатманд, дар лабораторияҳо таҷриба меомӯзанд.

Гимназия барои дастовардҳои меҳнатиаш дар таълиму тарбияи насли наврас ду маротиба соли хониши 1997 – 1998 ва соли хониши 2006 – 2007 ғолиби озмуни Мактаби сол» - и шаҳри Душанбе гардид.

Муваффақият ва пешравиҳои ба даст овардаи гимназия ҳиссаи сарварони он хеле калон аст. Роҳбарии ин даргоҳи маърифатро Аълочиёни маорифи ҷумҳурӣ Нори Пӯлодова, шодравон Майрам Шакармамедова, муаллими Шоистаи ҷумҳурӣ шодравон Робия Маҷидова, Аълочии маориф Соҷида Муродова, Муаллими Шоистаи ҷумҳурӣ – шодравон Розиқ Ҳамидов, Аълочиёни маориф – шодравон Гуландом Лоҳутшо, Ойдина Турдиева, Муҳаммадсиддиқ Абдураззоқов, Тӯрақул Ҷумъаев ба ӯҳда доштанд. Натиҷаи кордонӣ ва корбарии онҳо буд, ки имрӯз гимназия дар дар ҷумҳурӣ яке аз таълимгоҳҳои шинохта ба шумор меравад. Ҳоло сарварии гимназия ба ӯҳдаи Аълочии маорифи ҷумҳурӣ Раҳмоналӣ Таваров гузошта шудааст.

Имрӯз бахшида ба 45 солагии талкилёбии гимназия аҳли бисёрнафараи онҳо аз Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ сипосгузоранд, ки онҳо барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ин муассисаи таълимӣ ҳиссаи арзандаи худро гузоштанд ва гузошта истодаанд. Мо ба ин ғамхории Раиси шаҳр ва Ҳукумати ноҳия изҳори миннатдорӣ карда онҳоро бовар мекунонем, ки аҳли омӯзгорон минбаъд ҳам барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия саҳми арзандаи худро дареғ намедоранд.

 
  
БЕХТАРИН ИНТЕРНЕТ ПРОВАЙДЕРХО:
Babilon-T :: Logo
 IMG.TORRENTS.TJ