Хонандагони мо

      Соли хониши 2007 – 2008 32 нафар хонандагони лаёқатмандро дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ 11 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гаштанд. Дар соли хониши 2008 – 2009 48 нафар хонандагони гимназия дар олимпиадаи ноҳиявӣ ҷойҳои ифтихориро гирифта, ба давраи сеюми олимпиада соҳиби роҳхат шуданд ва 17 нафари онҳо аз ҷумла 5 нафар ғолиби ҷойи якум, 6 нафар ғолиби ҷойи дуюм ва 6 нафар ғолиби ҷойи сеюм гаштанд. Соли хониши 2009 – 2010 60 нафар шогирдони гимназия ғолиби олимпиадаҳои ноҳиявӣ гардида, 17 нафари онҳо ғолибони даври сеюми олимпиадаи шаҳрии мактаббачагон гардиданд ва 8 нафари онҳо хонандагони синфҳои 11 буда муваффақ гаштанд, ки ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон иштирок намоянд. Дар байни литсейҳо ва гимназияҳои шаҳри дар соли хониши 2008 – 2009 гимназияи мо ба гирифтани ҷойи сеюм ноил гардид. Соли хониши 2007 – 2008 дар назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Маркази рушд барои хонандагони лаёқатманд ташкил карда шуд. Соли сеюм аст, ки хонандагони лаёқатманди гимназия дар ин марказ дониши дар таълимгоҳ андӯхтаи худро сайқал медиҳанд. Ин иқдоми Раёсати маорифи шаҳр аз тарафи мактабҳои шаҳр, аз ҷумла гимназияи мо ва падару модарон хеле хуб дастгирӣ ёфт. Ҳоло бошад хонандагони гимназия дар ин марказ фанҳои таълимиро дар сатҳи баланд меомӯзанд.

     Бо мақсади муайян кардани сатҳи дониши хонандагони гимназия маъмурият ва кафедраҳои таълимӣ дар ин солҳои хониши сипаригашта назорати дохили гимназиявиро боз ҳам пурзӯр намуданд. Агар соли хониши 2006 – 2007 қариб 200 корҳои санҷиши дараҷаи муайянкунии дониши шогирдон гузаронида шуда бошанд, пас соли хониши 2007 – 2008 шумораи мониторингҳои гузаронида шуда 225 ададро ташкил намуданд. Аз рӯи чорабиниҳои дар ду соли хониши сипаригашта мо мувофиқати баҳои корҳои хаттиро бо баҳои ҷавобҳои шифоҳӣ муқоисакуниҳо гузаронидем, ки натиҷаи онҳо далели беҳтаршавии дараҷаи дониши хонандагонро ифода мекунад. Дар соли хониши 2008 – 2009 шумораи мониторингҳои гузаронида шуда ба зиёда аз 300 ададро ташкил дод. Аз рӯи ин рақамҳо сатҳи азхудкунии хонандагони гимназия 86% - ро ташкил намуд, ки дараҷаи донишандӯзии хонандагон ба 3,5 хол расид. Дар нимсолаи якуми соли хониши 2009 – 2010 дараҷаи донишандӯзии шогирдони гимназия 3,3 холро ташкил намуд.

IMG.TORRENTS.TJ