Муаллимони мо

 

 

        Имрӯз таълимгоҳ бо омӯзгорони эҷодкор ва пуртаҷрибаи худ Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шодравон М. Маҳмудова, собиқадорони меҳнат дорандаи ордени Ленин, Ш. Бурҳонова, муаллими Шоистаи ҷумҳурӣ шодравон Ю. Гафуров, Аълочиёни маориф М. Асадова, М. Наимова, шодравон Р. Пулодова, М. Қаҳҳорова, З. Ботурова, Ҷ. Ҷумъазода, шодравон И. Ҷумъаева, Р. Наврӯзов, М. Диловарова, Н. Мирзоева, Р. Насруллоева, Б. Бобоева, М. Абдуллоева, Қ. Шукронаева, Н. Наврӯзова, З. Сарварова, Р. Абдусамадова, Каримова Ҳ ва дигарон фахр дорад, ки онҳо анъанаҳои неки омӯзгорони пешинаро давом дода, шӯҳрати гимназияро дар миқёси ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ машҳур гардониданд.

         Омӯзгорони ботаҷриба ва ҷавон – собиқ хатмкунандагони гимназия Р. Орифова, М. Бойбобоева, М. Юнусова, О. Турдиева, Г. Абдулмунтазирова, Д. Ҳайдаров, М. Орифзода, Н. Сатторова, Г. Иброҳимова, Б. Валихоҷаева, Х. Минглиева, М. Мирзоева, М. Ҷумъазода, М. Олимова имрӯз ба таълим ва тарбияи насли наврас қувваю ғайрати худро дареғ намедоранд.

         Имрӯз дар гимназия 42 нафар омӯзгорони дараҷаи, тахассуси олӣ, дараҷаи тахассуси якум 20 нафар, дараҷаи тахассуси дуюм 19 нафар ва дараҷаи тахассуси омӯзгор – 14 нафар ва 32 нафар Аълочии маорифи ҷумҳурӣ» дар пешравии соҳаи маорифи кишварамон ҳисса мегузоранд. 7 нафар омӯзгорони гимназия ғолибони озмуни Муаллими соли ҷумҳурӣ», иштирокчиёни озмуни Муаллими соли шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ гаштаанд, инҳо Тӯрақул Ҷумъаев – омӯзгори физика (ғолиби озмуни ҷумҳуриявии соли 1999), Шаҳри Аҳмедова – омӯзгори синфҳои ибтидоӣ (ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ ҷойи дуюм 2001), Ҷумъақул Ҷумъазода – омӯзгори забон ва адабиёт (иштирокчии озмуни шаҳрӣ), Рӯзи Наврӯзов – омӯзгори география, Зебогул Ботурова – омӯзгори таърих, Назира Наврӯзова, Мародбахт Диловарова, Манзура Юнусова омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ (ғолибони озмуни Муаллими соли ноҳиявӣ ва иштирокчии озмуни шаҳрӣ).

         Бояд қайд кард, ки аз ибтидои ташкилёбии синфҳои тафриқавӣ ва литсейи олимони соҳаҳои гуногуни илм ва кормандони соҳаи маориф, ба монанди А. Турсунов узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, М. Муллоаҳмадов – доктори илмҳои филологӣ, профессор Б. Мирзоев (шодравон), дотсентҳо Б. Қодиров, А. Ҳамроқулов (шодравон), Т. Раҷабов, Қ. Норов, А. Маҳмадмуродов, С Наимбоев (шодравон), А. Ваҳҳобов, С. Саидов, К. Холов ва дигарон ба шогирдони гимназия аз фанҳои физика, математика, забону адабиёт, химия дарс гуфтанд. Имрӯз дотсент Ҷ. Ҷумъаев, муаллимони калон У. Умаров, М. Турсунова. Ҷаъфаров А. аз физика, забон ва адабиёт, технология (меҳнат) ба шогирдони гимназия дарс мегӯянд ва бо аҳли омӯзгорон ва хонандагон робитаи зич дошта, дар гузаронидани чорабиниҳои илмӣ, методӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.

         Диққати асосии омӯзгорони гимназия имрӯзҳо ба иҷрои қарори мушовараи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар бораи Тадбирҳои Раёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба баланд бардоштани сифати дониши хонандагон » (соли 2007) равона карда шудааст. Шӯрои методии гимназия оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ҳамасола дар охири ҳар як чоряк корҳои санҷишӣ мегузаронанд ва натиҷаҳои онҳо бо баҳоҳои шифоҳии хонандагон муқоиса карда мешавад.

         Дар ин ҷода масъалаҳои асосие, ки дар назди омӯзгорон меистад, ташкил кардани дарсҳои иловагӣ бо хонандагони лаёқатманд мебошад. Дар ҳамаи зинаҳои таълимӣ синфҳои (1, 4, 5, 9 ва 10 – 11) ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад. Натиҷаи ҳамин буд, ки иштироки хонандагони лаёқатманд дар олимпиадаҳо ва дигар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ хуб арзёбӣ гашт. Масалан, соли хониши 2006 – 2007 дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ аз фанҳои мухталиф 22 нафар ҷойи аввалро гирифтанд, дар олимпиадаҳои шаҳрӣ 6 нафар ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб гаштанд. Ҳамон соли хониш хонандаи синфи 11 Қуддусов Мансурҷон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни физика ҷойи дуюмро ишғол карда, соҳиби медали нуқра гардид.

         Омӯзгорони гимназия дар баробари кори таълиму тарбия дар пайи баланд бардоштани дараҷаи касбии худ мебошанд. Дар давоми соли хониши 2007 – 2008 – 9 нафар, соли 2008 – 2009 – 11 нафар ва нимсолаи якуми соли хониши 2009 – 2010 4 нафар омӯзгорон дар Маркази такмили ихтисоси Раёсати маорифи шаҳр Донишгоҳи илмӣ ва методии худро сайқал доданд.

        Омӯзгорони гимназия дар баробари кори таълиму тарбия ба омода кардани дастурҳо ва мақолаҳои методӣ ҳисса мегузоранд. Масалан, соли хониши 2006 – 2007 се мақолаи методии омӯзгор Ҷумъаев Т. Дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва дастури методии ӯ ва Қодиров Б. Супоришҳои санҷиши – тестӣ аз физика барои синфҳои 9 – 11 (соли 2008) аз чоп баромад ва дастраси хонандагон гардид. Соли хониши 2007 – 2008 омӯзгорон Ҷумъаев Т., Умаров У., Абдусамадова Р., Юлдошева Р., Ҷабборова Л. дар тайёр кардани саволнома ва маводи имтиҳонҳои шифоҳию хаттӣ барои имтиҳони хатми синфи 9 ва 11 (барои мактабҳои ҷумҳурӣ) ҳиссаи калон гузоштанд. Омӯзгорон Диловарова М. ва Насруллоева Р. дар тайёр кардани супоришҳои тестӣ ва математика барои синфҳои 4 ва маводҳои зарурӣ аз фанни ҳуқуқи инсон дар омода кардани китоби дарсӣ аз ин фан ҳисса гузоштанд. Омӯзгорон Собирова М., Сафарова Ш., Абдусамадова Р., Собирова М., Исмоилова М. ва дигарон барои чоп омода кардани китобҳои дарсии фанҳои мухталиф, ки аз тарафи Вахорати маорифи ҷумҳурӣ пешниҳод шуда буданд, тақризҳои худро пешниҳод намуданд. Дар бораи ин қайд менамоем, ки 5 нафар аз омӯзгорони гимназия дар аспирантураи донишгоҳҳои олӣ таҳсили илм доранд. Ба ин қабил омӯзгорон Бобоёрова Л. (забон ва адабиёт), Собирова Г. (методикаи таълими математика), Абдураҳимов Ғ. (география), Сатторова Н. (забон ва адабиёт), Мунавварова У. (таърихи халқи тоҷик) дохил мешаванд. Омӯзгор Бобоёрова Л. дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ мебошад

IMG.TORRENTS.TJ