10:30 Абулқосим Фирдавсӣ (932-1020) |
![]() Баъди таҳсил ба кадом кору вазифаи расмӣ машғул шудани ӯ маълум нест. Аммо ҳамин қадар маълум аст, ки қариби 25-солагӣ хонадор шуд. Ҳамсараш зани босавод ва донандаву хонандаи китобҳои бостон буд, к ибо хоҳиши ӯ соли 365 ҳ. (975 м) достони Бежан ва Манижаро навишт. Ин маъниро худи Фирдавсӣ дар оғози Достони Бежан ва Манижа зикр мекунад. Шоир ҳамсари худро бо сифатҳои зиёд ёд оварда, ҳикоят мекунад, ки ҷуфти меҳрубонаш он қиссаро аз китоби қадимаи паҳлавӣ ба ӯ хондааст ва сипас шоир онро ба риштаи назм кашидааст. Инчунин маълум аст, ки дар сини 28-солагии Фирдавсӣ яке аз фарзандони ӯ ба дунё меояд ва баъдтар соли 999 дар синни 37-солагӣ вафот меёбад, ки дар ин вақт Фирдавсӣ 65-сола буд. Фирдавсӣ дар давраи таҳсил ба навиштани шеър cap кард. Баъзе порчаҳои шеърии китъа, рубоӣ, қасида ва ғазалро ба ӯ нисбат медиҳанд, ки шояд дар ҳамин давра навишта шуда бошанд. Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад, Хирадманд бошу беозор бош, |
|
Всего комментариев: 0 | |