Главная » 2013 » Февраль » 7 » Ҳар ки хандонад ятими хастаро…
10:39
Ҳар ки хандонад ятими хастаро…
img_yatҲар кӣ хандонад ятими хастаро,

Боз орад ҷаннати сарбастаро.

Фармудааст Шайх Аттор. Ятимон, бахусус тифлакони ятим касонеанд, дар зиндагӣ афсурдаву дилозурда. Барои онҳо ҳаёт гарчанде дар шароити хуб бошад ҳам, маъное надорад. Зеро барояшон бузургтарин меҳр, азизтарин ҳастӣ ва умеду орзуяшон, ки падарону модаронанд, намерасанд.

Меҳри падару модарро ба фарзанд ҳеҷ гоҳ касони дигар дода наметавонанд, зеро он меҳр пур аз қалби саршор ва пайванди хуну дили гарм буда, фарзанди ҷигарбандро эҳсоси хушӣ мебахшад.

Волидон беҳтарин пушту паноҳ, азизтарин ҳастии олам, мунаввартарин қалби саршор, пурзӯртарин қуввату мадори дилҳои нотавонанд. Ононро ягон ҳастии ҳаёт ҷойгир буда наметавонад. Бинобар ҳамин ятимон аз ҳамин меҳри бузург маҳруманд. Онҳоро ҳамеша бо як дилгармӣ ва меҳру муҳаббати самими мебояд парвариш кард. Саъдии бузург дар ҳамин бора барҷо фармудааст:

Падармурдаро соя бар сар фикан,
Ғубораш бияфшону хораш бикан.

Ятимонро дастгирӣ кардан, хотирашонро лаҳзае бошад, ҳам болида гардондан ниҳоят корест савоб. Ҳар нафаре, ки ятимонро парасторӣ мекунад ва дар ҳаёт болидаруху дилгармӣ месозад, некии бузурге ба даргохи Офаридгори созанда ба ҷо меорад. Беҳтарин амали нек парастории ятимон буда, ин гуна афрод дар ду дунё сазовори осоиш ва хушҳолианд.

Ба даст овардани дили ятимони бекас ба даст овардани дунёи азалист. Агар ятимеро дар ҳолати нороҳат ва афсурдагӣ вохӯрем, мебояд то охирин қудрату тавоноӣ ононро хурсанд кард, то бекасиву ятимиашонро эҳсос накунанд. Нороҳат гаштани ятими хастадил ба ҷароҳати бузурге шабоҳат дорад, ки ҳамеша сӯз дорад. Дар ҳузури ятимони бекас ҳатто сила кардани сари фарзанди хеш норавост.

Чун ятимеро касе гирён кунад,
Молик андар дӯзахаш бирён кунад.

Ҳавасманд гардонидани ятиме дар зиндагӣ ба зиерат намудани хонаи Худованди муттаол баробар аст.

Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб,
Хуштар зи ҳазор Каъба бошад як дил.

Албатта, ана ҳамин гуна дилҳои эҳтиёҷмад дилҳои ятимони бепарастор аст, ки меҳрубонию лутфу марҳаматеро мехоҳанд. Офаридгори бузург касеро дӯстдор аст, ки ятимпараст бувад. Мо хушбахтона, дар давлате зиндагӣ мекунем, ки пур аз ятимхонаҳову шахсиятҳои ятимпаравар аст. Дар ин гуна ятимхонаҳо бепапасторон бо меҳру муҳаббати бузург парварида шуда, аз афсурдагиву ғам дар каноранд. Дарди бекасиашонро эҳсос намекунанд. Илм меомӯзанд, муҳаббат мебинанд, хотирашон болида мегардад. Зеро давлати бузургу ҳаммаслакро марди шуҷоъу хирадманди асил Эмомалии Раҳмон бо дили пур аз меҳри саршор роҳбаладӣ менамояд. Дар ҳамаи ҷашнҳои таърихию идҳои мардум пеш аз ҳама аз тарбияю таълими хонаҳои бепарастории кишвар дидан мекунад. Онҳоро ҳавасманд мегардонад.

Ҳамеша ҷаҳд бояд кард, ки ятимонро хушнуд сохт. Набояд гузошт бепарасторе дар фироқи дурии волидон сӯзад, афгор гардад. Онҳоро ҳамеша бояд дастгир буд, ёрӣ расонд, ҳавасманд гардонид, то анҷоми давраи наврасӣ барояш чун дар зери сояи дарахтони пурбор, лутфу марҳамати шахсиятҳои дар канор буда хуб гузарад, то баробари тифлони босаробон хушхол бошанд.


Просмотров: 1569 | Добавил: XD | Теги: Иншо, Хар ки хандонад ятими хастаро | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *: