Главная » 2013 » Февраль » 8 » АСОСӢ » МАКТАБҲО » СУРАТНИГОР МУСИҚӢ » БА УСТОДОН » БА ШОГИРДОН » БА ВОЛИДАЙН » ТИК Донишҳои ҳуқуқӣ омили пешгирии қонуншикании наврасони ху
08:41
АСОСӢ » МАКТАБҲО » СУРАТНИГОР МУСИҚӢ » БА УСТОДОН » БА ШОГИРДОН » БА ВОЛИДАЙН » ТИК Донишҳои ҳуқуқӣ омили пешгирии қонуншикании наврасони ху
img_dop

Дар чаҳорчӯби бахши «Хабарҳои ҷадид»-и сомона ба тозагӣ китоби муҳаққиқи ҷавон дар соҳаи педагогика УМЕД ҲАМИДОВ бо номи "Донишҳои ҳуқуқӣ омили пешгирии қонуншикании наврасони хурдсол”, ки инъикосгари натоиҷи тадқиқоти гузаронидаи ӯ дар самти муайянсозии тарзҳои моҳиятан нави таъмини раванди тарбияи ҳуқуқии хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мебошад, дар ҳаҷми 154 саҳифа, бо теъдоди 500 нусха рӯйи чоп омад.

Дар китоби мазкур бо такя ба далелу манобеи илмӣ тамоми нишондодҳо оид ба роҳу усулҳо ва воситаҳои таҳкиму густариш бахшидани дараҷаи фарҳанги ҳуқуқии наврасони хурдсол дар шароити мактабу оила оварда шудааст, ки воситаи хубест баҳри огоҳии комил пайдо кардан аз нозукиҳои кор дар самти дуруст ба роҳ мондани раванди тарбияи ҳуқуқии хонандагони синни миёнаи мактабӣ мебошад.

Ҳамчунин дар ин дастури илмӣ намудҳои нисбатан паҳнгаштаи ҷиноятҳо миёни ноболиғон ва бархе сабабу ваҷҳҳои даст задани наврасон ба содир кардани онҳо дарҷ ёфтааст.

Дастур ба кулли кормандони соҳаи таълиму тарбия, аз ҷумла созмондиҳандагони фаъолияти беруназтаълимии мактабиён, масъулини бахшҳои кор бо ноболиғони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, волидайн, донишҷӯёни макотиби олии омӯзгорӣ, муҳаққиқон ва ба ҳамаи онҳое, ки бо тадрису парвариши насли наврас сару кор доранд, тавсия мегардад.

Бояд гуфт, ки дар оянда бидуни ҷой намудани донишҳои ҳуқуқӣ дар шуури насли наврас бунёди ҷомеаи шаҳрвандиву давлатӣ бар пояи қонун асосёфта ғайриимкон аст. Китоб дорои сифати хубу нархи дастрас буда, фарогири мундариҷаи зайл аст:

Пешгуфтор.

1. Вазъи маърифати ҳуқуқии наврасони хурдсол.

2. Зарурияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон.

3. Сабабҳои душвортарбия гардидани кӯдакони наврас.

4. Ҷинояткории наврасон ва роҳи асосии пешгирӣ аз он.

5. Роҳу воситаҳои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии наврасон.

6. Нақши корҳои беруназсинфӣ дар густаришбахшии шуури ҳуқуқии наврасони хурдсол.

Замима.

Хулоса.

Луғат.

Феҳрасти адабиёти истифодашуда.

Хоҳишмандон метавонанд маводро тариқи тамос гирифтан бо телефони 224-32-31 дастрас намоянд.
Шитобед, то дер намонед!

Просмотров: 682 | Добавил: XD | Теги: АСОСӢ » МАКТАБҲО » СУРАТНИГОР МУСИҚ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *: