08:56 Аз маориф чиро интизорем |
Таълиму тарбия гуфта мо чиро мефаҳмем? Насли ҷавон чӣ тавр бояд тарбия карда шавад? Ба онҳо кадом маводро бояд хононем? Чӣ тавр ва барои чӣ? Ҳангоми баррасӣ намудани масъалаҳои таълиму тарбия ба суолҳои мазкур ҷавобҳои қаноатбахш бояд ёбем. Дар байни сохтори иҷтимоии ҳар миллату давлат ва усулу асосҳои тарбияи онҳо алоқа ва робитаи наздике мавҷуд аст. Насли наврас чӣ тавре, ки тарбия карда шавад, ҷамъият ҳам ҳамон шаклро мегирад. Зеро насли имрўзаи тарбиятгиранда ҳамчун тарбиятдиҳандагони фардо ба сари вазифа меоянду он чизе, ки аз устодонашон ёд гирифтаанд, боз ба шогирдонашон хоҳанд дод. Баҳри бақои маънавии миллат тарбияву таълими насли наврас чун обу ҳаво зарур аст. Миллатҳое, ки бунёди оиларо ба асосҳои мустаҳкам намегузоранд, ба нобудӣ дучор гаштанашон фардо муқаддар аст. Айнан мисли ҳамин, миллатҳое, ки ба вазъи маънавию ахлоқии ҷамъият аҳамияти зарурӣ намедиҳанд, мавҷудияти худро дер ё зуд аз даст хоҳанд дод. Ҳар як фарди миллат каму беш ба дигарҳо таъсири худро мерасонад ва ё дар зери таъсири онҳо қарор мегирад. Инчунин анъанаҳо, урфу одат ва таъсири муҳити гирду атроф дар рафти тирбия мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Мисол, ҳар як сардори оила, ки дар байни аъзоёни оилааш эътибори шоёне дорад ва онҳое, ки дар мавқеи роҳбарикунандаи идораи давлатӣ қарор доранд, бояд дар байни табақаҳои мухталифи ҷамъият ва афроди он соҳиби эътибору нуфузи баланд бошанд. Аз ин рў ба қуллаҳои баландтарини тамаддун расидани ҳар як миллат аз фарҳангу маданият, басирату фаросати ҳар як фарди он хусусан пешвоёну зиёиёни он вобастагии устуворе дорад. Ғамхории сарону роҳбарон ба ҳар як фарди миллат аз як тараф, ғайрату кўшишҳои ин афрод аз тарафи дигар барои баланд бардоштани савияи маърифату маданияти миллат омилҳои муҳимтаринест, ки ба мо принсипҳои «имрўз чӣ хидмате ба мардум кардӣ»-ро ёдовар мешавад. Ононе, ки бевосита ба тарбияи насли наврас машғуланд, новобаста аз он ки ин вазифаи худро таҳти кадом ном иҷро менамоянд, бузургӣ ва аҳамияти масъулияти ба душ гирифтаашоро як лаҳза ҳам набояд фаромўш созанд. Бале, сармояи бузургтарини ҳар як миллат маданият, иродаи солим, ахлоқи нек, ва фазилат аст, ки дар натиҷаи таълиму тарбия инкишоф меёбанд. Ин сармоя мисли шамшери бурроест, ки бо он тамоми ҷаҳонро метавон фатҳ кард, мисли як калиди сеҳрнокест, ки бо он тамоми хазинаҳои дунёро метавон кушод. Баръакси ин миллате, ки тарбияву маънавиёти комил надорад, ҳанўз дар ибтидои муборизаҳои ҳаёт мағлуб гашта , рў ба таназзул мениҳад. Агар насли наврасро бо илму дониши муосир муҷаҳҳаз намуда, онҳоро аз таърихи халқи худ воқиф гардонида, диққати онҳоро ба ояндаи нек нигаронида тавонем, бешак хурдтарин заҳмати сарфнамудаи мо дар ин ҷода зоеъ нахоҳад шуд ва нафъи онро бештару барзиёд хоҳем дид. Ҳатто гуфта метавонем, ки ҳар як харҷи мо дар роҳи тарбияи насли нав сарфшуда, дар қалбҳои солим ва рўҳи тарбиядидаи онҳо гўё ба як сарчашмаи доимии фоидаовар мубаддал мегардад ва мо ҳамчун миллат соҳиби як хазинаи фанонопазир хоҳем шуд. Наслҳое, ки таълиму тарбияи хуб дида ба воя расидаанд, дар муборизаи ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавиро ҳал хоҳанд кард ва ҳеҷ гоҳ гирифтори ноумедӣ нахоҳанд шуд. Наслҳои камтолеъе, ки аз ин идроку мафкура маҳруманд, сарвати модии аз гузаштагонашон меросгирифтаро барабас сарф карда, маънан ҳам тамоми умр забун, карахт ва бадбин мемонанд ва оқибат аз чанголи ҷаҳолат сарнагун хоҳанд шуд. Пешвоёну зиёиёни миллат ҳамвора бо ду роҳ рў ба рўянд: авлоду афроди ин миллатро ба авҷи камоли инсонӣ расонидан ва ё онҳоро дар пастиҳои ҷаҳолату разолат вогузоштан. Аҳамият ва масъулияти бузурги ин масъаларо дуруст дарк карда, баҳри рафъи тамоми камбудиҳое, ки дар натиҷаи саҳлангориҳо солҳои тўлонӣ ба миён омадаанд, роҳи беҳтарини ҳалро бояд ёфт. Вагарна наслҳои шурбахти мо, ки то ҳол садҳо ҳазор бор гавҳари гаронбаҳотарини ҳастии худро дар чўлу биёбонҳои ҷаҳолат гум намуда, батамом қувваи инкишофи худро бохтаву бесамар кардаанд, абадан онро аз даст хоҳанд дод |
|
Всего комментариев: 0 | |