Главная » 2013 » Февраль » 7 » Одоби хӯрдан
10:24
Одоби хӯрдан
img_khu1. Шустани дасту даҳон қабл ва баъд аз хӯрдани ғизо мӯҷиби баракати ғизо аст.

2. Қабл аз хӯрдани ғизо «Бисми-л-Лоҳ» бигӯ.
3. Бо дасти рост бихӯр.
4. Аз ҷулӯи худ ғизо бихӯр, яъне ба ҳар тарафи коса даст наандоз ва аз пеши худат бихӯр.
5. Ҳаргиз бо дасти чап хӯрду нӯш макун, зеро Шайтон бо дасти чап мехӯрад ва менӯшад.
6. Ҳар касе дар косае ғизо бихӯрад ва баъди онро соф кунад (яъне ҳеҷ ғизое дар он намонад ва комилан тамиз шавад), коса барояш дуои хайр мекунад.
7. Ҳар гоҳ луқмае аз дастатон афтод (дар ҷои тамиз), он чиро, ки бар он часпида ҷудо намуда ва бихӯред ва барои Шайтон нагузоред. Ҳар гоҳ аз ғизо фориғ шудед, қабл аз шустан ангуштонро билесед, зеро шумо намедонед дар кадом қисмати ғизо баракат вуҷуд дорад.
8. Аз васати коса нахӯред, балки аз канорҳо бихӯред, зеро дар васати коса баракат нозил мешавад.
9. Бо ҳам ғизо бихӯред ва номи Худоро гуфта бихӯред, зеро дар ин кор барои шумо баракат хоҳад буд.
10. Замоне, ки ғизо мехӯред, кафшҳоро дар оваред, то поҳоятон роҳат бошад.
11. Монанди шутур бо як нафас об нанӯшед, балки бо ду ё се нафас об бинӯшед.Раҳмати коинот ва фахри мавҷудот© фармуданд:


Просмотров: 1193 | Добавил: XD | Теги: Одоби хурдан | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *: