09:34 Рамзҳои Давлатӣ |
НИЗОМНОМА 1. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 2. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтобӣ аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоб боз ҷой гирифтааст. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад. Тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл гузошта мешавад: а) дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар болои биноҳои Маҷлисҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш. Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар болои биноҳои намояндагиҳои дипломатию консулӣ ва муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; б) дар толорҳои маҷлисҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо (ҳукуматҳо), шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), инчунин дар хонаҳо (кабинетҳои) кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш. Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар биноҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва биноҳои бақайдгирии тантанавии таваллуд ва ақди никоҳ; в) дар мӯҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш. Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои давлатии нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳуқуқи дар мӯҳру бланкҳои ҳуччатҳо ҷой додани тасвири Нишон дода шудааст; г) дар нашрияҳои расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; д) дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар шиносномаҳои дипломатӣ ва дигар шиносномаҳое, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд; е) дар сутунҳои марзӣ, ки дар Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда мешаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои ҳатман тасвир намудани тархи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ карда метавонад. Ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳамин Низомнома номбар шудаанд, ҳуқуқи истифодаи тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фақат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода метавонад. 3. Таҷдиди тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз андозаҳояш, ҳамеша бояд дақиқан ба асли тархи ранга, сиёҳу сафед ва андозаи тасвири Нишон, ки ба хамин Низомнома замима мешавад, мутобиқат намояд. 4. Тартиби тайёр кардани тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри оммавии тасвири Нишон, тартиби истифода, нигоҳдорӣ ва нест кардани мӯҳре, ки дар он Нишони давлатӣ тасвир ёфтааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. 5. Ашхосе, ки дар таҳқир кардани Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 1. Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад. НИЗОМНОМА 1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 2. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд. Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиханд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд. 3. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойхои зайл афрохта мешавад: 4. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои маҷлисҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, Мачлисхои маҳаллии намояндагони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), ҳамчунин дар хонаҳои (кабинетҳои) кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва хонаҳое, ки вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобкунандагонро доимо қабул мекунанд, ҷойгир карда мешавад. 5. Ҳангоми мотам бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли мотамӣ афрохта шуда метавонад. Дар ин маврид ба чӯбдасти (меҳвари фулузӣ) парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёни парчам овезон бошад. 6. Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар киштиҳои ҳавоие, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҷойгир мешавад. 7. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад доимо дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, дар болои биноҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳо, инчунин тасвири он ба мақсади ороишӣ ба сифати рамзи давлатӣ ва миллӣ тавре истифода гардад, ки дар ин маврид нисбат ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бехурматӣ содир нашавад. 8. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасвири он қатъи назар аз андозаҳои онхо доимо бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки ба ҳамин Низомнома замима мегардад, мутобиқат дошта бошад. 9. Ашхосе, ки ба таҳқири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд. 10. Тартиби тайёр кардани Парчами давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонроҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон НИЗОМНОМАИ I. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад. II. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад: 1) ҳангоми оғозу анҷоми иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки дар ҷумхурӣ мувофиқи Қонун иди умумихалқӣ эълон гаштаанд; 2) дар оғози барномаҳои телевизионӣ дар рӯзҳои идҳои умумихалқӣ: 1 январ – Соли Нав, 8 март – Рӯзи байналхалқии занон, 21-22 март – Иди Наврӯз, 9 сентябр – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябр – Рӯзи Конститутсия; 3) ҳамарӯза дар ибтидо ва анҷоми барномаҳои радиои умумиҷумҳуриявии Тоҷикистон; 4) ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва тадбирҳои дигар, ки мақомоти давлатӣ ва иттиходияҳои ҷамъиятӣ, корхона, муассисаҳо ва ташкилотҳо мувофиқи иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон медиҳанд; 5) ҳангоми маросимҳои расмии пардабардорӣ аз рӯи ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, лавҳаҳои ёдбуд ва дигар иншоотҳои мансуб ба мухимтарин воқеаҳои таърихии ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ, ба шарафи ҳодимони сиёсӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, қаҳрамонони халқӣ, ҳодимони илм, адабиёт ва фарханг; 6) ҳангоми сарфароз гардонидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, нохияҳо, шаҳрҳо, маҳаллҳои аҳолинишин, корхона, муассиса ва ташкилотҳо бо мукофоти давлатӣ; 7) ҳангоми барафроштани Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросимҳо ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ, ки ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, идораҳо, муассисаю корхонаҳо мегузаронанд; 9) Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ро дар ҳолатҳои дигар бо қарори мақомотхои давлатию ҷамъиятӣ, роҳбарони муассисаҳо корхонаҳо, ташкилотҳо бо риояи талаботи ҳамин Низомнома иҷро кардан мумкин аст; 10) Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тариқи оркестр (созӣ), хор, оркестрӣ-хорӣ ё худ тариқи овозию созӣ иҷро кардан мумкин аст. Дар ин ҳол аз воситаҳои сабти овоз метавон истифода бурд. 11) Суруди Миллии Тоҷикистон бояд сахеҳ, мувофиқи матн ва мусиқии Суруд, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” аз 7 сентябри соли 1994 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, иҷро карда шавад; 12) ҳангоми иҷро гардидани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони чорабиниҳои оммавӣ Сурудро рост истода гӯш мекунанд; 13) Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбӣ низ мувофиқи ҳамин Низомнома ва муқаррароти Оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад; 14) иҷрои Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби ҳайати қаторию ҳайати фармондеҳии он, дар мактабҳои олии он тибқи муқаррароти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад; 15) дар мактабҳои системаи маълумоти ҳамагонӣ, касбӣ, тайёрии махсус ва олии ҷумҳурӣ хангоми маросимҳои тантанавӣ Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраркардаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мегардад; 16) ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳои дохилиҷумҳурӣ ва байналхалқии варзишӣ Суруди Миллии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, федератсияҳои намудҳои варзиши Тоҷикистон ва ризоияти Иттифоқҳои касаба, Созмони ҷавонони Тоҷикистон, Ташкилоти мусоидати мудофиа (ТММ) иҷро карда мешавад. Маросими иҷрои Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани мусобиқоти спортӣ бо назардошти таҷрибаи дар амал будаи ташкилотҳои байналхалқии спортӣ муайян карда мешавад. 17) ҳангоми аз тарафи идораю ташкилотҳои ҷумхурӣ дар давлатҳои хориҷӣ гузаронидани чорабиниҳо Суруди Миллии Тоҷикистон тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо назардошти анъаноти расму тартиби он давлат иҷро карда мешавад; 18) назорат аз болои иҷрои амиқи ҳамин Низомнома ба ӯҳдаи роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, идораю муассисаҳо вогузор мегардад. Дар он ҳолатҳое, ки Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми барафроштани Парчами Давлатии Тоҷикистон иҷро мегардад, риояи қатъии Низомномаи Суруди Миллии Тоҷикистон ва Дастури тарзи татбиқи он ва назорати иҷрои аниқи он низ ба ӯҳдаи мақомоти роҳбарикунанда ва шахсони мансабдори масъул гузошта мешавад. Шахсони ба таҳқир кардани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар вайрон кардани он гунаҳкор, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Диёри арҷманди мо, |
|
Всего комментариев: 0 | |