Главная » 2013 » Февраль » 9 » Шаш дарс
17:16
Шаш дарс


img_darsҲар субҳ дари хонаро пӯшида аз пайи пайдо кардани ризқу рӯзӣ мешавем. Вартаи ҳаёт инсонро аз ин кунҷ ба он кунҷ давр занонда, аз соҳилҳои пурталотум ба соҳилҳои амн бурда мерасонад. Аммо ҳини ин даводав ба атроф аҳамият надода, на аз рафтор, на аз гуфторҳоямон бохабарем. Ҳол он ки ҳамон рафтор ва ҳамон гуфторҳо созандаи шахсияти мо ҳастанд. Дар ин рӯзҳо барои худ 6 дарс гирифтам ва хостам, то Шумоён ҳам баҳра баред. Аҷаб нест, ки дар онҳо худро пайдо кунем.

Дарси 1: Имтиҳон. Пас аз ҳалли масъалаҳои дарсии дар рӯйи варақаи имтиҳонӣ буда, донишҷӯён дар ҳалли саволи охирин ҳайрон-ҳайрон ба ҳамдигар менигаристанд. Савол: «Номи фаррош-зане, ки ҳаррӯз синфхонаатонро тоза мекунад, чист?». Яке аз донишҷӯён муаллимро мепурсад: «Муаллим, о ин саволи охирин ба имтиҳон дахле надорад-ку, ба фикрам шӯхӣ кардед, ҳа?». «Шӯхӣ нест!»- гуфт муаллим ва бо лаҳни ҷиддӣ илова намуд: «Дар ин олам ҳама вазифаи худашро иҷро мекунад. Ҳар кас новобаста ба мақому мансаб, ҳолати иҷтимоӣ ва миллату динаш сазовори эҳтиром аст».

Дарси 2: Ҳаво бисёр боронӣ буд. Нимашаб зани сиёҳпӯсте дар назди мошини вайроншудааш меистоду аз роҳгузарони мошинсавори дигар кӯмак мепурсид. Аммо ҳеҷ кас ба хости ӯ ҷавоб намегуфт. Тақвим соли 60-ум ва макон штати Алабамаи ИМА буд. Ниҳоят марди сафудпӯсте дар назди зани сиёҳпӯст бо мошинаш меистад. Чунин ҳолат дар он замон як чизи фавқулодда ба ҳисоб мерафт. Занро то ҷойи хостааш бурда расонд. Ҳини рафтан, зани сиёҳпӯст барои гирифтани суроғаи марди сафедпӯст исрор мекард ва мард ночор суроғаашро дод. Пас аз як ҳафта занги дари хонаи марди сафедпӯст садо дод. Мард дарро кушоду як сабади калон ва зебоеро дид. Даруни сабад хате меистод: «Барои кӯмаки шаби гузашта расонидаатон ташаккур мегӯям. Бо лутфи Шумо то марги ҳамсари бистариям дар вақташ расида тавонистам. Каме баъдтар аз омадани ман нафаси охиринашро супорид».

Дарси 3: Кӯдаки 10-солае ба дӯкони қаннодӣ ворид мешавад. Пешхизмат-духтар ҳамоно наздаш меояд. Кӯдак ӯро мепурсад: «Торти шоколадӣ чанд пул аст?». «25 сӯм»- ҷавоб медиҳад духтар. Кӯдак тангаҳои дар ҷайбаш бударо бароварда ҳисоб мекунад. Баъдан боз мепурсад: «Яхмос чӣ?». «20 сӯм»- бесаброна мегӯяд духтар. Дӯкон пур аз муштарист ва хизмати ҳамаи онҳоро пешхизмат-духтар танҳо ба ҷо меоварад. Боз чӣ қадар нози ин кӯдакро сабр мекарда бошад. Кӯдак пас аз посух тангаҳояшро бори дигар ҳисоб карда, ба духтарак «Якто яхмос меовардед»,- мегӯяд. Духтарак яхмосро бо чекаш оварда, ҳамоно назди мизи дигар мешитобад. Кӯдак яхмосро хӯрда, чекро ба назди хазина бурда, маблағашро месупораду меравад. Каме баъдтар вақте пешхизмат-духтар барои тоза кардани мизи кӯдакшишта меояд, ҳамоно чашмонаш пур аз об мешаад. Дар табақи холии яхмос 5 сӯм ҳаққи хизмат истода буд.

Дарси 4: Замоне подшоҳи як мамлакат дар байни роҳи одамгузар, ки сӯйи қасраш мебурд, санги калонеро мемонад. Худи подшоҳ дар канори роҳ пинҳон шуда, сайри воқеаро тамошо мекунад. Тоҷирон, корвонҳо, бойҳою ходимони қаср аз он роҳ бо душворӣ сангро давр зада мегузаштанд. Ва ҳар як роҳгузр ба ҳамдигар подшоҳро айб карда мегуфт, ки ин ҳоли ҳазратро бин, ки андозҳои зиёдро аз мо меситонаду аммо як шаҳрашро тоза нигоҳ дошта наметавонад. Баъдан як деҳқоне, ки ҳаррӯз ба қаср меваву сабзавот меовард, аз он роҳ мегузарад. Ӯ барои нафас рост кардан каме дар назди санг дам гирифт. Борашро аз китф фароварда, бо ду дасташ сангро бо душвории зиёд аз ҷояш ҷунбонида ба канор партофт. Вақте хост борашро боз ба китфаш монда роҳашро давом диҳад, дар ҷойи санг як кӯзаеро пур аз тилло бо хате пайдо мекунад. Дар он навишта шуда буд: «Ин кӯзаи тилло аз они шахсест, ки сангро аз роҳ мебардорад».

Дарси 5: Дар яке аз шаҳрҳои Италия шахсе ба дӯкони қаҳванӯшӣ медарояд. Ду қаҳва фармуда, якеаш ба чангак мегӯяд. Соҳиби дӯкон як қаҳва тайёр карда, ба муштарӣ дароз мекунад ва ба чангакҳои дар пушташ буда як коғазеро меовезад. Шахс якто қаҳваашро нӯшида пули ду қаҳваро дода аз дӯкон мебарояд. Баъдан ду шахси дигар даромада се қаҳва мефармоянду якеаш ба чангак мегӯянд. Онҳо низ яктогӣ қаҳва нӯшида пули се қаҳваро дода мебароянд. Соҳиби дӯкон бошад боз ҳамон хел коғазеро ба чангак меовезад. Каме баъдтар ба дӯкон марди жандапӯше, ки фақир буданаш аз ҳолаш маълум буд, медарояд. Ба соҳиби дӯкон як қаҳва аз чангак мефармояд. Соҳиби дӯкон қаҳваи мардро тайёр карда ба ӯ дароз мекунад. Мард қаҳваашро нӯшида, ягон маблағ насупорида аз дӯкон мебарояд. Соҳиби дӯкон бошад, яке аз коғазҳои дар чангак овезон бударо мегирад.

Дарси 6: Замоне дар яке аз кишварҳое, ки аксари аҳолияшро мусулмонон ташкил медод, як оилаи яҳудӣ зиндагӣ мекард. Моҳи рамазон буд ва мусулмонон ҳама рӯзадор буданд. Ҳаво гарм ва нисфсрӯзӣ ҳам расида буд. Кӯдаки хурди яҳудӣ дар даст нон ва себе ба берун баромада, онҳоро мехӯрд. Модар аз чунин рафтори кӯдак бохабар шуда, ҳамоно ба берун мебарояду фарзандашро таъдиб медиҳад: «Ҷонакам, ҳоло моҳи рамазон аст ва мусулмонон ҳама рӯзадоранду дар давоми рӯз чизе намехӯранду наменӯшанд. Агар чизе хӯрданӣ бошӣ, дар дохили хона бихӯр. Мабодо, мусулмоне туро дар берун дида, аз хӯрдан ҳавасаш кунад. Айб аст!»

Дар ҳар яки ин «дарс» арзишҳое мавҷуданд, ки ба назарам миллати мо ба онҳо бегона нест. Ғамхорӣ, ҳамдардӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, саъйу меҳнат, дасти ёрӣ ва мусомаҳаву таҳаммулпазирӣ барин сифатҳои олии одамӣ ҳастии инсони комил ва миллату ҷомеаи бошарафаро ташаккул медиҳанд. Пас ҳар кас ҳоҷат ба дарсе дорад.

Просмотров: 988 | Добавил: XD | Теги: Шаш дарс | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *: