17:20 Таъсири интернет ба ривоҷи маданияти ҳуқуқии наврасон |
Таи чандин солҳост, ки наврасони (аҳолии) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун сокинони ин марзу буми аҷдодӣ дар қатори аҳолии дигар давлатҳои узви ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрасӣ ба интернетро доранд. Бояд гуфт, ки Интернет чун насли нисбатан ҷадиди воситаи коркарди иттилоот аз лиҳози фарогирии ахбору маълумоти гуногунғоя дар худ ҳамто надорад. Ин аст, ки интернетро баробари шабакаи ҷаҳонӣ унвон кардан, инчунин ба ҳайси тори анкабути умумиҷаҳонӣ ном мебаранд ва ҳамзамон таъсири онро дар ташаккули (ҳуқуқии) одамият ба ғояти барандаи арзишҳои умумибашариву ғановати фарҳангӣ буданаш басо бузург хондаанд. Зеро шабакаи мазкур, на танҳо ривоҷбахшандаи ақлу заковати башарист, балки бар замми ин дар самти падидории намунаи қолабҳои муайяни зоҳирсозии рафтори иҷтимоӣ ва муносиботи байниҳамӣ саҳмгузор аст. Ҷиҳати боз ҳам мусбати интернет дар он аст, ки шабака бо пешбарикунандаи ҳама навъи маданият, аз ҷумла маданияти ҳуқуқӣ буданаш фарогири таҷрибаи бойю рангин дар ин самт мебошад, ки бо истифодаи оқилона аз он кас метавонад фаҳмиши хешро перомуни талаботи қонунгузориҳо сайқал ва вусъати тоза бахшад. Ҳамчунин ин шабакаи оламшумул дар доираи афзалиятҳои беназири худ ба кулли истифодабарандагонаш имкон медиҳад, ки на танҳо аз захираи мавҷудаи донишҳои чӣ рӯзмара ва чӣ илмӣ дар он баҳравар шаванд, балки ба воситаи ворид шудан ба фазои муоширати интернетӣ аз тариқи чат ва ҳамоишҳо (форум) ба дилхоҳ суолҳои изтиробовари хеш, алалхусус мутааллиқ ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ посухҳои то ҷое амиқу фаврӣ гирифта бошанд. Ба ибораи дигар, интернет ба ғояти имкони муоширатро фароҳам оварданаш муҳити иҷтимоиест, ки насли наврас аз он меъёру намунаҳои амалкардро аз худ карда, туфайлаш дар ин ё он вазъиятҳо мавқеъёбии иҷтимоии шахсияти худро муайян месозанд. Бартарии аввалиндараҷа ва аз ҳама асосии интернет чун воситаи комплексии иттилоот ба шумор рафтанаш аст. Аниқтараш, барои қиёс, агар ТВ аз байни ҳама воситаҳои таъмингари тарбияи ҳуқукӣ фақат синаморо фарогир бошад, пас тори умумиҷаҳонии анкабут тамоми ВАО-и боқимонда, синамо, китобу энсиклопедияҳои илмӣ, маърӯзаву рефератҳои тайёр ва ҳатто худи матни аслии ҳуҷҷату санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро низ фарогир мебошад, илова бо маълумотҳои ҳуқукии хоси компютерӣ (ба монанди: системаҳои ҷустуҷуӣ ва ҳоказо). Яъне тамоми иттилооти интернетӣ, тибқи таъиноташон ҳам дар шакли навориву овозӣ ва ҳам дар шакли матнӣ инъикос меёбанд, ки ҳатто аксари онҳоро ба хотири даст ёфтан ба идроки пурраву саҳеҳашон гаштаву баргашта истеъмол фармудан имконпазир аст. Тибқи маълумоти ғайрирасмии баъзе сарчашмаҳои оморӣ тахмин меравад, ки айни ҳол дар мамлакат шумораи умумии истифодабарандагони Интернет назар ба чанд соли пеш ба маротиб афзуда, беш аз 25%-и аҳолиро ташкил мекунад, ки ин нишондиҳанда мутаносибан на кам аз 2 млн. нафар мебошад. Вале аз ин миқдор, ҳарчанд ки фисади нисбатан камашро афроди наврас ташкил кунанд ҳам, бо вуҷуди ин эшон низ аз корбасти шабакаи ҷаҳонӣ дар канор нестанд. Интизор меравад, ки солҳои наздик баробари иҷрошавии талаботи барнома оид ба пайвасткунии кулли макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ҶТ ба шабакаи интернет теъдоди истифодабарандагони ин шабака аз миёни наварсони кишвар ду-се баробар зиёд хоҳад гашт. Ҳоли ҳозир бошад, агар танҳо қисми аз оилаҳои сарватмандбудаи бачаҳои наврас дастрасӣ ба интернетро аз тариқи компютерҳои хонагии хеш дошта бошанд, пас қисми дуюми онҳо бо ташриф овардан ба интернет-кафеҳо аз ин махзани иттилоот баҳравар ҳастанду қисми сеюмашон бошад, танҳо ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ ба он дастрасӣ пайдо мекунанд. Албатта, ин хуб аст, ки бачаҳои замони мо бештар рӯ ба воситаҳои навтарини иттолоърасон меоранду кӯшиши гирифтани донишҳоро маҳз аз ҳамин қабил васоити аслан созгор мекунанд, аммо ин ҷо саволе ба миён меояд, ки асосан ба кадом ваҷҳу ҳадаф эшон вориди фазои интернетӣ мешаванд? Ё худ, оё насли наврас аз шабакаи ҷаҳонӣ ҳамеша нафъ мебардоранд, ё зиён? Дар иртиботи ҳамин суол таҳлилҳо ва сӯҳбатҳои мо бо чанде аз наврасони хурдсол айён сохт, ки омили асосии ҷалбкунандаи аксари афроди наврас ба фазои интернетӣ, – ин машғул шудани эшон ба бозиҳои компютерӣ ва ба гунаи хоси худ ҳаловат бурдан аз онҳо мебошад. Вале дар асл ин намуди ҷадиди бозиҳо чӣ дар рушди ҷисмонӣ ва чӣ зеҳнии толибилмон заррае суд надошта, баръакс соатҳои тӯлонӣ машғули бозиҳои компютерӣ шудани бачаҳо аз як тараф боиси тадриҷан аз онҳо вобастагии рӯҳиро пайдо карданашон шуда, аз сӯи дигар сабаби қафомонии раванди камолоти умумии наврасон аз ривоҷи мӯътадили хеш мегардад. Ҳамзамон бо ин, бозиҳои электронӣ бинобар асосан саҳнаҳои ҳарбу зарб ва қатлу кушторро фарогир буданашон аз эҳтимол дур нест, ки ба ҷараёни тарбияи ахлоқӣ-ҳуқуқии насли наврас низ халали ҷиддиву ислоҳнопазир ворид созанд. Ҷуз аз ин, боз тоифаи дигари ин афрод бештари вақти худро дар шабакаи ҷаҳонӣ баҳри анҷом додани муошират бо ёру дӯстони хеш, ё худ ирсоли нома ба суроғаи электронии ҳамдигар ва ё баъзан ҷиҳати дарёфти ошноҳои нав зоеъ мегузаронанд, ки ин ҳам чандон нишони истифодаи босамару мақсаднок аз ин фазои бекарони иттилоот буда наметавонад. Аз ин ҳама бар меояд, ки мутаассифона теъдоди хеле ками мактабиён пайи дарёфти иттилоот, ки он ҳам бошад, вобаста аз хусусиятҳои зоҳиршавии шавқу ҳавас дар ин давраи синнусол на ҳамеша солиму муфид аст, вориди интернет мегарданд. Ҳоло он ки шабакаи мазкур низ чун маҳсули дунёи воқеӣ, дунёест дуқутба, яъне дар радифи бисёр ҷиҳатҳои мусбатро дар бар доштанаш, инчунин дар он инъикоси тарафҳои манфии ҳаёти иҷтимоӣ кам нестанд. Аз ин рӯ, бодарназардошти он, ки табиатан ҳар чизи хубро боз ҷиҳатҳои бадаш дар бар аст, субъектҳои тарбияро мебояд, ки дар баробари донистани аҳамияти интернет дар таъмини тарбияи ҳуқуқии насли наврас, инчунин аз ноҷуриҳояш дар ин самт воқиф бошанд. Зимнан, яке аз камбудиҳои тори умумиҷаҳонии анкабут, чунончӣ пештар гуфта гузаштем, – ин, агар бозиҳои электронӣ бошад, ки аксаран заминагузори зоҳирёбии рафторҳои зиддииҷтимоии наврасони хурдсол ҳастанд, пас камбудии дигари ин шабака ҳамчунин, аллакай ишорааш рафт – мавҷудияти сомонаҳои шиносоӣ бо ашхоси бегона маҳсуб мешавад. Маҳз ҳамин гуна сомонаҳо ҳаст, ки наврасон бо ворид шудан ба онҳо ва ё дар доираи чатҳо метавонанд бо гурӯҳҳо ва ё афроди ифротгарои сиёсӣ ё намояндагони дигар гурӯҳҳои равияи зиддииҷтимоидошта шиносоӣ кунанду оқибат ба доми фиреби онҳо гирифтор шаванд. Илова бар ин, ба сифати таъсироти манфии интернет боз дар чаҳорчӯби он вуҷуд доранд сомонаҳое, ки ғайр аз табоҳкунандаи солимии равониву ҷисмонии кас буданашон, инчунин вайронкунандаи ахлоқи ҷомеа ва барангезандаи ҷинояти бештар дар он мебошанд. Агар мушаххасан назар андозем мебинем, ки «тибқи нишондоди оморӣ аз 10 9 нафари бачаҳои аз 8 то 15 сола мувоҷҷеҳи маводи порнографӣ дар шабака мешаванду наздики 17% пайваста аз захоири мамнӯъ дидан мекунанд, тахминан 5,5% бошанд омодаанд, ки чизҳои дидаашонро дар амал татбиқ намоянд». Ташвишовараш он аст, ки дар интернет сомонаҳои тарғибгари аъмоли номатлуб, аз қабили: асардуздӣ, қалобӣ, дуздӣ, фосиқӣ, экстремизму худкушӣ, майнӯшиву нашъакашӣ, тарзи тайёр кардани маводҳои тарканда дар шароити хонагӣ ва дигар иттилооти дурӯғу ғайришаръӣ мавҷуданд, ки дар ҳолати беназорат гузоштани наврас дар фазои шабака метавонанд ба зеҳни ҳанӯз дар «ҳукми гул» қарор доштааш таъсири басо харобиовару ҷуброннопазир расонанд. Албатта дар шароити вуҷуд надоштани имконоти техникӣ, пешгирӣ кардани таъсири манфии ҳама он иттилооте, ки ҳар сония вориди интернет мешаванд, муҳол аст. Бинобар ин, мавриди зикри хоса аст, ки басо олӣ мебуд, агар Интернетпровайдерҳои Тоҷикистон дар пайравӣ аз ширкатҳои ҳамтои худ дар Федератсияи Русия пешниҳоди хизматрасониро дар шакли «Интернети бачагона», ки ҳама иттилооташ пешакӣ санҷидашудаву лоиқи истифодаи кӯдакон аст, дар қаламрави ҷумҳур ба роҳ мемонданд. Аммо то замони пайдоиши чунин шакли хизматрасониҳо падару модаронро зарур аст, ки худро дар ин ҷода нотавон ҳис накарда, ба фарзандон тарзи дурусти истифодаву безарар бардошт карданро аз захираҳои шабакаи ҷаҳонӣ омӯзонида бошанд. Ҳамзамон волидонро зарур аст, ки аз он маводе, ки фарзандон ба воситаи интернет ба даст меоранд, ҳамвора воқиф бошанд. Агар маводи бадастовардаи фарзанд бар зарари худи ӯ бошад, яъне боис ба халалдорсозии раванди иҷтимоишавиаш гардад, пас бо гапи солеҳ эшонро аз ин варта халос намудан лозим аст. Чаро бо гапи хуб? Чунки акси ҳол амал кардан ва ё дуруштмуомилагӣ зоҳир намудан дар ин ҳангом метавонад дар бештари ҳолатҳо ба ҷойи натиҷаҳои дилҳоҳро ба бор овардан дар ин самт, баръакс шавқу ҳаваси наврасро ҷиҳати боздид аз захоири барояш мамнӯи интернетӣ барангехта, талоши бештари ӯро барои даст ёфтан ба ин гуна манобеъ аснои ҳатто лаҳзае дур мондан аз назорат афзояд. Боз ҳам бисёр хуб мешуд, дар ҳоли пайваста ривоҷёбии дастовардҳои техникии иттилоърасон, агар падару модар, албатта дар доираи имкон барои маҳдуд сохтани баъзе сомонаҳои ғайриахлоқии интернетӣ (ва ҳамзамон шабакаҳои телевизионӣ) бештар аз усулҳои филтрӣ истифода намоянд. Манобеи истифодашуда: 1. Брик Л.В. Анализ эффективности воздействия СМИ на формирование социально-позитивных ориентаций молодежи. – Вестник МГТУ, том 11, №1, 2008. 2. http://revolution.allbest.ru – Влияние средств массовой информации на формирование личности детей и подростков. 3. Интернет ва телевизион қотили кӯдакони рӯҳафтода. // Маҷаллаи «Гулшан» № 3, соли 2011. 4. http://kursovik.me – Книги: Юридическая педагогика. |
|
Всего комментариев: 0 | |