Главная » 2013 » Февраль » 7 » Тозагӣ гарави саломатист
10:36
Тозагӣ гарави саломатист
img_toz

Инсон дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунанд. Инсоне, ки саропо манбаи дастовардҳои асилу пурарзиш аст. Инсоне, ки гулу гиёҳро ҳастӣ бахшида. Инсоне, ки ҳайвоноту набототро нигаҳбон буда. Инсоне, ки муҳиту ҷомеаро созгор буда. Инсоне, ки ҳама соҳаҳоро пешрав гардида. Инак, ин инсони созандаву ҳаётофарин, ки Худованди мутаол қудрату бузургиаш бахшида, созандаи муҳити солим, фарзандони баркамол ва нишондиҳандаи сифатҳои олии инсонӣ дар рӯи замин аст.
Тавассути ақли бузургаш инсон муҳитро тозаву озода нигоҳ медорад, аз ифлосиву нопокиҳо эмин мегардонад. Покии ҳар як гӯшаву канор, молу амвол, чизу чора ва оилаҳову фарзандони солим маҳз ба инсоният вобастагӣ дорад.

Тозагӣ, ки зери ин истилоҳ мафҳумҳои покӣ, муҳити тоза аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, кӯдакони ноболиғу сару либос ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад, ба инсон вобастагӣ дорад. Ҳамаи инсонҳо чӣ марду чӣ зан чӣ кӯдакону чӣ болиғ вазифадоранд, тозагиро ҳамчун вокеияти аввалиндараҷа қарзи асосии инсониашон шумурда, ҷомеа, маҳал, оилаи хешро ҳамеша тозаву озода нигаҳдор бошанд. Тоза нигоҳ доштани оби кӯлу дарёҳо асоси ҳастии инсону ҳамаи мавҷудоти рӯи замин, аз ҳама муҳим аст. Намебояд гузошт, то дар обҳо ифлосиҳо партоянд. Намебояд гузошт, то обҳоро, ки сарвати бузургу тақдирсозанд, бо нопокиҳо олуда гардонд. Тозагии муҳити обу ҳаво нигоҳ доштани ҳастии растаниву наботот, ки ҳама ба инсон фоидабахшанд низ аз худи одамон вобастагӣ дорад.

Одамон, бахусус занон асоси тоза нигоҳ доштани маводи рӯзгор, аз қабили хонаву ашёи он, либосу палос, ҷамъи ашёи рӯзгордорӣ, тозагии тифлакону муҳитро иҳота кардаанд.

Агар дар хонадон зани оқилаву порсо ва покдоману ҳалолкор вуҷуд дошта бошад, албатта, ҳама ашёҳо низ тозаву озода ва дар ҷои худ қарор мегиранд. Шуста истифода кардани меваву сабзавот, тоза нигоҳ доштани амволи хона низ муҳитро озода мегардонад. Нафас гирифтани ҳавои хубу дилкаш мояи тансиҳатии ҳамаи аҳли хонадон мегардад. Аз ҳар гарду ғубор, нопокию ифлосӣ ва аз ҳар нафас ҳавое, ки мегирем, бояд покию тозагӣ хост. Тансиҳатии ҳар як инсон аз хурд то бузург ба муҳити иҳотакарда вобастагӣ дорад. Агар ҳавои хонадон тозаву озода, ҳар як маводи истеъмолӣ поку беолоиш набошанд, инсон наметавонад тансиҳат бошад.

Хулоса, гарави тансиҳатии ҳар як инсон тозагии ӯст. Тозагии муҳити ӯ, дасту дилу дида, тозагии хонадони атроф, обу ҳаво маҳз ба худи инсон вобастагӣ дорад. Бисёр мебояд мулоҳизакор буд, то муҳит солиму озода ва фарзандон саломату барҷо бошанд. Бисёр мебояд кӯшид, то ҳамаи ҳастии ҳаётро пок дошт. Бисёр мебояд ҷаҳд кард, то тансиҳат буд. Аммо барои ҳамаи ин бояд ҳалолкору покизакирдор ва созишкору дӯстдори муҳити хеш буд. Ба ононе, ки тозагии муҳити экологии атрофро халалдор мекунанд, бояд мубориза бурд. Онҳоро ба тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як гулу гиёҳ ва обу хоки муқаддаси Ватани азиз даъват намуд.

Пок дор аз ҳар губор оинаат! Гуфтаанд, ки ҳақу барҷост. Агар мехоҳем, ки зиндагии осоишта, рӯзгори обод, фарзандони солимфикру тансиҳат дошта бошем, пас моро лозим меояд, тозакору муҳитпарвар ва бунёдкори ҳаёти бофароғати хеш бошем. Ҳар як ҳастӣ ва ҳар қатраи обу хоки адокардаи Офаридгори созандаро поку беолоиш нигоҳ дорем.

Просмотров: 1789 | Добавил: XD | Теги: Иншо, Тозаги гарави саломатист | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *: